“Ин... метавонад Бишкекро ба додгоҳи байналмилалӣ кашонад”
Шӯрои ҳомиёни ҳуқуқи Қирғизистон дар иртибот ба ҳаводиси ахир дар марзи ин кишвар аз Жогорку Кенеш ё парлумон хостааст, назорати бахши амниятиро таҳким бахшад.
Дар изҳороти шӯро, ки ахиран нашр шуд, гуфта мешавад, “истифодаи мардуми мулкӣ барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ҷиҳати ҳифзи марз ба ташкили гуруҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ оварда мерасонад. Аз кушторҳои худсарона дар қаламравҳои наздимарзӣ бояд ҷилав гирифт. Ин ҳама метавонад Қирғизистонро ба додгоҳи байналмилалӣ бикашад”.
Дар идомаи изҳорот омадааст, ки музокирот бо кишварҳои ҳамсоя бояд созанда бошад ва комилан дар фазои эҳтиёткорӣ сурат бигирад. Шӯрои ҳомиёни ҳуқуқи Қирғизистон даст доштани нерӯи сеюм дар ноором кардани марзҳои кишварҳои Осиёи Миёнаро ҳам сарфи назар накардааст. “Қирғизистон бояд ба кумаки он институтҳое бишитобад, ки дар расондани ёрӣ ба давлатҳо ҷиҳати идораи муассири марз, мақоми байналмилалӣ доранд”.
Шӯро пешниҳод кардааст, Жогорку Кенеш бояд фавран ба таҳияи қонунҳои зарурӣ ҷиҳати таъсиси пулиси марзӣ дар сохтори ВКД иқдом кунад. “Назорати парлумонии бахши амният бояд мутобиқи мақоми конститутсионии парлумон таҳким бахшида шавад”,-омадааст дар изҳорот.