Додситони кулл дар бори гӯш кардани сӯҳбатҳои президент
Шерхон Салимзода, додситони кулл, рӯзи 7 феврал дар нишасти хабарии худ изҳор дошт, ки иттилоеро дар мавриди гӯш кардани тамосҳои телефонии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз ҷониби мақомоти амниятии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Амрико дарёфт накардаанд.
Ӯ изҳор дошт, мақомоти қудратии кишвар ягон иттилое дар бора гӯш кардани телефонҳои шахсии роҳбарияти ҷумҳуриро аз ҷониби Хадамоти амнияти миллии Амрико надоранд. Ин дар ҳолест, ки Эдвар Сноуден, собиқ корманди мақомоти амниятии Амрико эълон намуд, масъулини амнияти ин кишвар тамосҳои телефонии даҳҳо роҳбарони кишварҳои ҷаҳонро гӯш мекунанд.Акс аз торнамои Радиои Озодӣ Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)