VIDEO: Шерхон Салимзода аз Зайд Саидову Расул ва баҳс бо Бишкек гуфт
Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, ки рӯзи 7 феврал дар ҳузури хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, дар ҷараёни мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов, соҳибкор ва вазири пешини саноат, танҳо як ҳолати таҷовуз ба номус аз сӯи ӯ исботи худро ёфтааст. Вай изҳор дошт, парванда аз рӯи ҳолати дуюми таҷовуз ба далели кофӣ набудани далелҳо барои тафтишоти иловагӣ баргардонда шуд.
Додситони кулли Тоҷикистон роҳ ёфтани хабарнигорони давлатиро низ ба мурофиаи Зайд Саидов рад карда, гуфт, он наворе, ки аз эълони ҳукми ӯ дар телевизионҳои давлатӣ пахш гардид, аз ҷониби кормандони додситонӣ сабт шуда буд. Зайд Саидов рӯзи 25 декабри соли гузашта аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон ба 26 соли зиндон маҳкум гардид.
ТИРПАРОНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН БУД, Ё ҚИРҒИЗИСТОН?
Додситони кулли Тоҷикистон дар ин сӯҳбати худ ба масъалаи тирпарронии 11 январи соли ҷорӣ миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз низ дахл карда, афзуд, “айни ҳол додситонҳои ду кишвар ба омӯзиши ин қазия машғуланд.” Ӯ таъкид намуд, ба далели он ки таҳқиқ ҷараён дораду ҳанӯз натиҷагирӣ нашудааст, аз гуфтани он ки тирпарронӣ дар қаламрави Тоҷикистон сурат гирифтааст ва ё Қирғизистон худдорӣ мекунад.
“АЗ БАҲРИ “ОВ”... ГУЗАРЕД”
Дар мавриди номгузории миллӣ Шерхон Салимзода таъкид намуд, тибқи қонунгузории кишвар татбиқи пасвандҳои русии “ов”-у “ович” ва “ова”-ю “овна” манъ аст, аммо мутасаддиёни номгузорӣ ин муқарраротро сарфи назар мекунанд. “Аксаран бо мусоидати онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон аз пасвандҳои “ов” ва “ович” кор мебаранд”,-афзуд ӯ. Додситони кулли Тоҷикистон илова кард, номгузории шаҳрвандони кишвар бояд бо усули миллӣ сурат бигирад.
ДАР БОРАИ САДАМАИ РАСУЛИ АМОНУЛЛО
Салимзода дар робита ба садамаи маргбор бо иштироки Расули Амонулло, писари 16-солаи раиси барканоршудаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, Амонулло Ҳукуматулло, афзуд, феълан парванда аз рӯи ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад ва агар исбот шавад, ки писари Амонуллоҳ гунаҳкор аст, ҳатман муҷозот хоҳад шуд. Доддситони кулли Тоҷикистон, инчунин, гуфт, дар соли 2013 ба ин ниҳод 16 шикоят дар мавриди шиканҷа ва зӯроварӣ ворид шудаанд, ки дар 75 дарсади ҳолатҳо тасдиқ нашуданд.
ҲУДУДИ 300 ПАРВАНДАИ КОРМАНДИ НИҲОДҲОИ ҚУДРАТӢ
Ба иттилои Салимзода дар соли 2013 аз 16 шикоят дар мавриди шиканҷа танҳо дар чор ҳолат мавҷудияти шиканҷа тасдиқи худро ёфт, ки аз рӯи онҳо парвандаҳои ҷиноӣ кушода шудаанд. Додситони кул таъкид намуд, ки дар маҷмуъ шикоятҳо аз шиканҷа дар кишвар коҳиш ёфтаанд ва мисол овард, дар соли 2012 22 шикоят дар робита ба шиканҷаро дарёфт намуда буданд, ки 9 ҳолаташон тасдиқ ёфтаанд.
Дар маҷмуъ Шерхон Салимзода таъкид намуд, тайи соли 2013 алайҳи қариб 300 корманди мақомоти қудратӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)