Рустами Ҷонӣ: Қатъи барномаҳои “Имрӯз” дастури “боло” нест
Рустами Ҷонӣ, бунёдгузори Радиои “Имрӯз” қатъи пахши барномаҳояшонро дар шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии вилояти Бадахшон, шарҳ дод. Ӯ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ин дастури Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон набуда, танҳо як мушкили фаннист, ки ба зудӣ бартараф хоҳад шуд.
Нахустин барномаҳои Радиои “Имрӯз” дар Хоруғ аз 30 декабри соли 2013 пахш шуда, давоми муддати кӯтоҳ мухлисони зиёдро пайдо намудаанд. Ин радио дар Хоруғ аз 13 январ ба ин сӯ барнома пахш намекунад.