"Роснефт" вориди бозори сӯзишвории Тоҷикистон мешавад
“Роснефт”, ки дар баробари “Газпром” аз ширкатҳои бузурги Русия дар бахши cӯзишворӣ маҳсуб мешавад, ният дорад, саҳмашро дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон бештар кунад. Бар асоси иттилоияе, ки ин ширкат, паҳн намудааст, феълан “Роснефт” масъалаи интиқоли сӯзишвории ҳавоиро ба Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор дода, омодааст, воридоти равғанҳои молиданиро низ ба Тоҷикистон зиёдтар кунад.
Ба иттилои манбаъ, ин масъала аз ҷумлаи мавзӯъҳои баррасишуда дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия буд, ки Игор Сечин, раҳбари «Роснефт» низ зимни он ҳузур доштааст. Масъулони “Роснефт” таъкид мекунанд, феълан ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон -- «Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр»-ро дар фурудгоҳҳои Нижневартовск, Краснодар, Сочӣ ва Екатеринбург бо сӯзишворӣ таъмин мекунанд, ки ҳаҷмаш дар соли гузашта 6 800 тоннаро ташкил додааст.
Ин нияти «Роснефт» дар ҳолест, ки нархи сӯзишворӣ дар фурудгоҳи Душанбе аз ҷумлаи гаронтаринҳо дар минтақа арзёбӣ шуда, баъзан ширкатҳои ҳавоӣ бо маҳдудият сӯзишворӣ мегиранд. Маврид ба зикр аст, ки ширкати дигари русӣ «Газпром» дар бозори маводи сӯхти кишвар пешсафиро касб карда, қисми зиёди сӯзишвориро ба Тоҷикистон маҳз ҳамин ширкат ворид мекунад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)