Боздошти як ҷавони қирғиз аз ҷониби марзбонҳои узбак бидуни ҳеч далел
Ду марзбони узбак як ҷавони 21 солаи қирғизро дар наздикии сарҳад бо зӯр дошта, ба ҷониби Узбакистон бурдаанд. Дар ин бора дафтари матбуотии раёсати умури дохилии вилояти Ҷалолободи Қирғизистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин ҳодиса дар рустои Қошболоти ноҳияи Ала-Букини Ҷалолобод ба вуқуъ пайвастааст. Гуфта мешавад, Разоқ уулу Авазбек дар ҳудуди ҷумҳурии Қирғизистон ба чаронидани гусфандон машғул буааст, аммо сарҳадбонҳои узбак ӯро бидуни ҳеч далел боздошт ва бо зӯр ба қаламрави Узбакистон бурдаанд.
“Баъди муроҷиати волидони Авазбек кормандони пулис барои раҳоии ӯ бо мақомоти қудратии Узбакистон гуфтушунид карданд. Ин гуфтугузорҳо чанд руз идома мекунад. Танҳо шаби 4 феврал тавассути постгоҳи рустои Баймақ Разоқ уулу ба қаламрави Қирғизистон гузаштааст”,-хабар медиҳанд расонаҳо.
Марзбонҳои узбак далели боздошти ҷавони 21 солаи қирғизро ҳеч гуна шарҳ надодаанд.