ИМА таҳримҳо алайҳи ширкати IRIB-и Эронро лағв кардааст
Амрико таҳримҳо алайҳи ширкати давлатии телевизион ва радиои IRIB-ро лағв кардааст.
Бино ба иттилои Associated Press акнун провайдерҳои хориҷии алоқаи моҳвораӣ метавонанд дигарбора хизматрасонии ин ширкати Эрониро ба роҳ монанд.
Таҳримҳо алайҳи IRIB соли 2013 эъмол шуда буд.