VIDEO: Парванда алайҳи маъмурони пулиси Исфара дар пайи марги Умедҷон Тоҷиев
Дар пайи муроҷиати Зариф Ализода, Омбудсмени тоҷик, додситонии кулли Тоҷикистон нисбат ба чанде аз кормандони Идораи пулиси Исфара барои боздошту нигоҳдории Умедҷон Тоҷиев, узви ҲНИТ, ки бо марги ӯ анҷомид, парванда боз кардааст.
Ин нуктаро ҷаноби Ализода дар нишасти хабарии 7 феврал баён дошт. Аммо ӯ аз ҷузъиёти ин парванда, ки нисбат ба чанд нафар боз шудааст, худдорӣ кард ва танҳо гуфт, ҳанӯз таҳқиқ идома дорад ва натиҷааш баъдан эълон хоҳад шуд. Омбудсмени тоҷик дар охирҳои моҳи январи соли ҷорӣ аз Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, хоста буд, фавти Умедҷон Тоҷиев, узви Ҳизби наҳзати исломӣ дар зиндони вилояти Суғдро мавриди санҷиши мунсифона қарор диҳад.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ин муроҷиатномааш ба додситонии кул аз фавти Умедҷон Тоҷиев дар Беморхонаи марказии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистон дар вилояти Суғд изҳори нигаронӣ намуда буд. Тоҷиев, ки 30 октябри соли гузашта дар Исфара барои “ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” боздошт шуда, аммо пас аз ду рӯз худро аз ошёнаи севуми бинои пулиси Исфара ба зер афканда буд, 19 январи соли ҷорӣ дар бемористони муассисаи ислоҳии Хуҷанд ҷон дод. Ӯ ҳангоми партофтан аз ошёнаи севум сахт зарб хӯрда буд ва ҳатто барои мулоқот бо вакили мудофеаш рӯи занбар меомад. Бо вуҷуди он ки мудофеашон борҳо аз мақомот интиқоли ӯ ба бемористон ва табобатшро талаб карда буданд, вале ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз маргаш аз СИЗО ба бемористон интиқол ёфт ва дар он ҷо фавтид.
Зариф Ализода дар нишасти хабарии 7 феврал, инчунин гуфт, барои ошноӣ бо вазъи маҳбусон ва зиндонҳои Тоҷикистон як гуруҳ ташкил ёфтааст, ки аз масъулони ниҳодҳои давлатӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иборат будааст. “Мо талош мекунем, ба ин гуруҳ журналистон низ дохил шаванд. Нияти мо гузарондани як мониторинг аст”,-афзуд ӯ. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)