Имзои протоколи мубодилаи санадҳои тасвибии созишномаи пойгоҳи низомии 201
Сироҷиддин Аслов ва Сергей Лавров, вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Русия зери протоколи мубодилаи санадҳои тасвибии созишномаи байнидавлатӣ дар бораи шароит ва муҳлати будубоши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон имзо гузоштанд.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии торнамои президенти Тоҷикистон расми имзои ин протокол пас аз анҷоми мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин сурат гирифтааст. Ин созишнома муҳлати будубоши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистонро то соли 2042 тамдид мекунад.
Манбаъ менависад, бо имзои ин созишнома “марҳилаи сифатан нави ҳамкории Тоҷикистону Русия оғоз ёфт”.