Додгоҳ: 62 нафар ғайриқонунӣ дар курсии парлумон нишастаанд
Аз 249 вакили мардумие, ки дар интихоботи тирамоҳи соли 2010-и Афғонистон ба порлумон роҳ ёфтанд, 62 нафарашон ғайриқонунӣ ба курсии вакилӣ нишастаанд.
Дар ин бора Додгоҳи махсуси санҷиши овозҳо ва натоиҷи интихобот қарор баровардааст. Дар ҳамин ҳол, ба қавли Фозил Аҳмад Маънавӣ, раиси комиссияи марказии интихобот натоиҷи расмии интихоботи порлумонии 18 сентябри соли 2010 ҳафтаи оянда эълон хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, Ҳомид Карзай, президенти Афғонистон бо судури 1 қарор додгоҳи махсусеро таъсис дод, то натоиҷи интихобот, ҷой доштани тақаллуб, фасод ва харидани овозҳоро таҳқиқ намояд. Ин қарори раисҷумҳур коршиносону сиёсатмадорони ин кишварро ба 2 гурӯҳ тақсим кард. Гурӯҳи аввал тасмими Карзайро дуруст ҳисобида онро кӯшиши раҳоӣ аз бӯҳрони порлумонӣ номиданд, мухолифони ин қарор бошанд, иддао доранд, ки Ҳомид Карзай бо тасвиби ин қарор интизори натоиҷи барои худаш муфид нишастааст.
Додгоҳи махсус гуфтааст, феълан на вакилони қонунӣ ва на ғайриқонунии порлумон моҳҳо боз ба масоили давлатдорӣ ва баррасии мушкилоти мардум умуман талош накарда, танҳо дар фикри ҳимояи курсиҳои худ будаанд.
Ин дар ҳолест, ки Фозил Аҳмад Маънавӣ, раиси КМИ-и Афғонистон, қарори раисҷумҳурашро хилофи Сарқонуни кишвар дониста ва аммо гуфтааст, аз он хотир , ки ин қарорро президент ба тасвиб расонидааст, КМИ натоиҷи тафтишоти Додгоҳи махсусро, ки аз ҳисоби Додгоҳи олӣ мураттаб шудааст, баррасӣ намуда аз рӯи натоиҷи он қарори дахлдор қабул хоҳад кард.{jathumbnail off}