Эродҳои САҲА ба интихоботе, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон пирӯз шуд
Нозирони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) гузориши ниҳоии худро дар бораи интихоботи президентии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 2013 баргузор ва бо пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон хотима ёфт, нашр кардаанд.
Дар гузориш аз он нигаронӣ шудааст, ки тамоми машваратҳои қаблии созмон аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон сарфи назар шуда, интихобот дар асоси қонунҳои интихоботи соли 2006 баргузор гардидааст. Ин гузориш рӯзи панҷуми феврали соли ҷорӣ омода шуда, аз 25 боб иборат мебошад. Нозирони САҲА дар муқаддимаи он гуфтаанд, "интихобот дар Тоҷикистон тинҷу ором баргузор гардид, аммо талаботи маҳдудкунанда дар бораи бақайдгирии номзадон ба набудани интихоби васеъ ва гуногунфикрии пурмазмун оварда расонданд. Маъракаи интихоботи қолабӣ буда, имконияти раъйдиҳандагонро барои қарори воқифона намудан маҳдуд намуд.”
Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар гузориши худ аз номнавис нашудани Ойниҳол Бобоназарова, танҳо номзади зан дар интихоботи президентии Тоҷикистон ва ташкили Ҳизби Тоҷикистони наву ба дунболаш зиндонӣ шудани Зайд Саидовро ҳам ёдоварӣ кардааст.
Нозирони ин созмон дар гузориши ниҳоии худ аз тақсими нобаробари вақт барои муаррифии номзадҳо низ интиқод кардаанд. Дар хулосаи онҳо гуфта шудааст, “фаъолиятҳои президенти феълӣ, бахусус ташрифҳои ӯ ба минтақаҳо аз ҷониби расонаҳои хабарии давлатӣ ба таври васеъ, мусбат ва бештар идона пахш гардида, нисбат ба дигар номзадон диди ба ӯ ҳаҷми зиёдтари пахши иттилоотӣ ҷудо намуданд. Барномаҳои хабарии тариқи ТВ Шабакаи 1 аз оғози давраи маърака 90 фоизи вақти худро (зиёда аз 15 соат) ба президенти феълӣ дар нақши худаш ҳамчун президент бахшиданд; боқимонда 10 фоизи дигар ба номзадҳои дигар бахшида шуд.” Дар идома омадааст, “маъракаи интихоботӣ аз рақобатнокӣ ва гуногунфикрии ҳақиқӣ холӣ буд. Маърака хеле назарногир буд, гарчанде он дар се рӯзи охир пурзур гардид.”
Нозирон дар охири гузориши худ барои беҳтар кардани қонуни интихобот ва шаффофтар ҷарён гирифтани ин маъарака 34 тавсияи худро ба ҳукумати Тоҷикистон ироа кардаанд. Нӯҳ тавсияи аввали ин гузориш “аввалиндараҷа” унвон шудааст, ки ба он татбиқи машваратҳои қаблии САҲА, замонати мустақил будани кумисюнҳои интихоботӣ ва лағви маҳдудиятҳои беасоси ҳуқуқ ба интихоб шудан шомиланд. Дар идомаи ин тавсияҳо нозирони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо гуфтаанд, “пахши президенти кунунӣ бояд дар доираи принсипҳои баробарӣ баҳри таъмини сатҳи майдони бозӣ барои номзадҳо ба танзим дароварда шавад.”
Баъд аз анҷоми интихоботи президентии Тоҷикистон Кетрин Эштон -- масъули равобити хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва мақомоти Иёлоти Муттаҳида онро ба боди интиқод кашида, ғайришаффоф хонда буданд. Дар ин интихобот Эмомалӣ Раҳмон бо панҷ номзади дигар, ки баъзеи онҳо ҳамчун намояндагони “аҳзоби кисагӣ” унвон мешаванд, вориди сабқат шуда, барои бори чаҳорум ба курсии президентӣ нишаст. Вай, дар маҷмӯъ, аз соли 1992 ба инҷониб зимоми қудрат дар Тоҷикистонро дар даст дорад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)