Афғонистон→ Тоҷикистон→ Чин: Хатти нави интиқоли мухаддирот?
Рустам Назаров, раиси Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Тоҷикистон, эълон кард, ки аз талоши қочоқчиёни байналмилалӣ барои роҳандозии хатти нави интиқоли мухаддирот аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва баъдан ба Чин ҷилавгирӣ карда шуд.
Генерал Назаров зимни нишасти хабарии рӯзи 5 феврал дар Душанбе гуфт, “ба мо хабар расид, ки як гуруҳ дар Покистон нақша кашидаанд, аз Афғонистон тавассути Тоҷикистон ба Чин маводи нашъадор қочоқ кунанд”. Ӯ афзуд, дар пайи дарёфти ин иттилоъ ду корманди фаврии Оҷонсӣ худро ба сифати миёнарав ва харидор муаррифӣ карда, кочоқчиёнро дар шаҳри Гуанжоуи Чин ҳангоми хариду фурӯш дастгир намудаанд.
“Инҳо шаҳрвандони Нигерия буданд, ки аз онҳо чор кило ҳероин ва наздики 15 ҳазор доллар мусодира гардид”,-гуфт Рустам Назаров. Манбаъ таъкид кард, ки ин амалиёт муштаракан бо мақомоти Чин, Покистон ва Афғонистон гузаронда шуд.
Дар маҷмуъ тибқи иттилои Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир тайи соли 2013 дар қаламрави Тоҷикистон бо иттиҳоми қочоқи маводи нашъадор 43 шаҳрванди хориҷӣ боздошт шудаанд, ки 36 нафари онҳо табааи Афғонистон, 4 шаҳрванди Қирғизистон ва якнафарӣ аз Эрон, Русия ва Қазоқистон будаанд. Дар хориҷи кишвар бошад, ба гумони ҷиноятҳои марбут ба маводи нашъадор 258 шаҳрванди Тоҷикистон дастгир шудааст: “Аз ин теъдод 225 нафар дар Русия, 20 тан дар Узбакистон, 12 нафар дар Қирғизистон ва як нафар дар Қазоқистон боздошт шудаанд”.