Убайдуллоев шахсан ба 400 роҳрӯб 1000 сомонӣ тақдим кард
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе пеш аз зуҳри имрӯз, 6-уми феврал, дар “Маркази равобити пойтахт” шахсан ба 400 роҳрӯб, пеш аз ҳама ба занҳо 1000 сомонӣ кӯмакпӯлӣ тақдим намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Убайдуллоев бори дигар миннатдории хешро барои эҳсоси масъулияти баланд дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба роҳрӯбон баён дошта, саҳми онҳоро дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳу пиёдагардҳо беназир арзёбӣ кардааст.
Манбаъ гуфт, дар дар маҷмуъ 2 ҳазору 757 нафар аз ҷониби шаҳрдорӣ 1000 сомонӣ мегиранд, ки ба боқимондаи онҳо нимаи дуюми ҳамин рӯз кӯмакпулиро аз дасти муовинони раиси шаҳри Душанбе ва масъулини ноҳияҳо дастрас хоҳанд кард.