Қодири Қосим: “Роғун” ягона роҳ ба истиқлолияти энергетикӣ нест
Қодири Қосим, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ҳукумати кишвар дар баробари нерӯгоҳи “Роғун” лоиҳаҳои дигарро низ дар даст дорад.
Қодири Қосим дар қатори лоиҳаҳои дигар аз ҷумла бунёди нерӯгоҳҳои Нуробод 1 ва 2, Шуробод, Даштиҷум ва Санободу Себзорро дар Бадахшон ном бурд. Раиси Кумитаи сармоягузорӣ таъкид кард, ки феълан Тоҷикистон ҳамагӣ 6 дарсади захираҳои энергетикияшро истифода дорад, ки 530 миллиард киловат-соатро дар як сол ташкил медиҳад.
Лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун, ки бо 335 метр сарбанд калонтарин дар минтақа хоҳад буд, интизор мерафт, ки Тоҷикистонро аз кишвари муҳтоҷи барқ ба содиркунандаи нерӯ дар минтақа табдил диҳад. Феълан лоиҳаи ин нерӯгоҳ, ки 3600 мегаватт иқтидор дорад, аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст ва интизор меравад, хулосаи ниҳоӣ то тобистони соли равон эълон карда шаванд.