Зулайхо Маҳмадшоева номи худро ба "Зу-Зу" табдил дод
Зулайхо Маҳмадшоева, хонандаи попи тоҷик аз ин ба баъд бо тахаллуси “ZU-ZU” ҳунарнамоӣ мекунад.
Беҳрӯз Зеваров, продюсери Зулайхо ба “Озодагон” гуфт, дар маҷмӯаи нави овозхон ӯ бо ҳамин ном муаррифӣ хоҳад шуд. “Зулайхо Маҳмадшоеваро дар хурдӣ “зу-зу” гуфта фарёд мекардаанд. Дар хориҷи кишвар ҳам ӯро бештар “зу-зу” мегӯянд. Барои ҳамин тасмим гирифта шуд, ки тахаллуси эҷодии вай “ZU-ZU” (“Зу-Зу”) бошад”,-афзуд Зеваров.
Албоми Зулайхо Маҳмадшоева моҳи сентябр пурра омода мешавад, аммо чанд таронае аз ин маҷмӯа аллакай маррифӣ шудаанд. Як суруди албоми мазкур бо номи "Ман "зу-зу"-ям", ки ҳоло муаррифӣ нашудааст, дар ихтиёри “Озодагон” қарор дорад. Матни ин сурудро Орзу Исоев навишта, оҳангаш ба Наргис Шарифзода таалуқ дорад.
'МАН, КИ ЗУ-ЗУЯМ...'
Зулайхо Маҳмадшоева ва ширкати “ТопМедиа” 27-уми декабри соли сипаришуда ба муҳлати як сол қарордоди ҳамкорӣ имзо карданд.
Маҳмадшоева аз шогирдони Манижа Давлатова гуфта мешавад, ки бо тақлид ба садои ӯ вориди саҳна шуда, зуд маъруф гардид. Ҳоло шеваи хонандагии худро дорад, ки намунааш таронаҳои “Кабутар”, “Дили девона” ва “Бобуна”-анд. Ахиран, бо пешниҳоди Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Зулайхо Маҳмадшоеваро барои нақзи қонуни танзим ба маблағи 4 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима кард.