Заҳролудшавии 6 муҳоҷири тоҷик дар Маскав
Шаш муҳоҷири кории тоҷик дар шаҳри Маскав аз гази номаълум заҳролуд ва дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Тибқи иттилои Интерфакс, ин ҳодиса зуҳри 5 феврал замоне рух додааст, ки шаҳрвандони Тоҷиткистон оби қубурҳои зеризаминиро ба берун мекашидаанд.
Манбаъ мегӯяд, ҳоло муҳоҷирони кории тоҷик дар яке аз беморхонаҳои ноҳияи Бирюлёвои шарқии Русия бистарӣ буда, омилҳои заҳролудшавии онҳо мавриди омӯзиш қарор дорад.
Дар бораи ному насаби ин шаҳрвандони Тоҷикистон чизе гуфта нашудааст.