Чаро президент Ҳукумовро пеш аз “мӯҳлат” барканор кард?
Дар ҳоле ки Амонулло Ҳукуматулло, раиси собиқи корхонаи "Роҳи оҳани Тоҷикистон", дар нишасти ахири хабарияш гуфта буд, то моҳи майи соли ҷорӣ “муҳлат” дорад, чаро раисиҷумҳур ӯро барвақттар ба нафақа гусел кард? Ин суол ҳоло дар аксари маҳофил пурсида мешавад ва ҷавобҳо низ мухталифанд. Ҳар кас фарзияи худро дорад.
Аммо барканории Ҳукумов метавонад бештар ба чӣ рабт дошта бошад? Ба изҳороташ, ки мояи нигаронии Туркманистон шуд ва ё таҳдидаш ба хабарнигорон? Ё гилаи рӯиросташ аз Матлубхон Давлатову Маҳмадсаид Убайдуллоев? Дар ҳоле ки ҳатто садамаи маргбор ва пурсарусадои писари ноболиғаш дар моҳи октябри соли гузашта натавониста буд, Ҳукумовро аз ҷояш “биҷунбонад”.
Зафар Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, барканории Амонулло Ҳукуматулло ба ҳеч ваҷҳ ба нашри матолиб дар бораи ӯ дар расонаҳои маҳаллӣ дахл надорад. Ба қавли ӯ, ҳарчанд синни Ҳукумов ба нафақа расидааст, аммо барканории пеш аз мӯҳлаташ баёнгари он аст, ки дар кадом шакле ба раисиҷумҳур маъқул нашудааст. Вале ӯ афзуд, “мумкин ин ба қазияи писари 16-солааш низ марбут бошад. Эҳтимол ба ин масъала одамони президент аз дигар “клан”, аз гурӯҳи “Ориёнбонк” таъсир расондаанд, ки ба Роҳи оҳан ҳам таваҷҷӯҳ доранд.”
Вале Саймиддин Дӯстов, раҳбари бунёди ИНДЕМ, бовар дорад, яке аз иллатҳои барканории Ҳукумов нишасти хабарии номуваффақи ӯст, ки 29 январи соли ҷорӣ баргузор шуд. “Маҳз ҳамин сабаб шуд, то афроде, ки қарор қабул мекунанд, ба иттилои қаблӣ дар бораи Амонулло Ҳукумов, аз ҷумла кори писараш Рустам Ҳукумов ва муносибати ӯ бо Хадамоти махсуси Русия аз нигоҳи нав назар кунанд”,-афзуд ҷаноби Дӯстов.
Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари созмони иҷтимоии “Перспектива+”, мегӯяд, фикр намекунад, ки расонаҳо ба барканории Ҳукумов таъсир кардаанд. “Аввалан, синни Ҳукумов ба нафақа расидааст. Дувум, ба барканории ӯ изҳороташ дар бораи сохтмони роҳи оҳани миёни Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, ки бо Ашқобод ҳамоҳанг нашудааст, низ таъсир гузоштааст.” Хонум Бобоназарова назарҳо дар бораи он ки Эмомалӣ Раҳмон мехоҳад, ба ин тартиб баъзе афроди наздикашро аз мақомҳои давлатӣ дур кунад, нодуруст шуморид. Ӯ гуфт, “агар раисиҷумҳур мехост, афроди наздикашро аз мақомҳои давлатӣ барканор кунад, аз аввал ба онҳо мансаб намедод.”
Як коршиноси наздик ба ҳукумати Тоҷикистон, ки нахост номаш ифшо шавад, дар ин маврид гуфт, дар қарори ҳукумат хеле дақиқ гуфта шудааст: “ба сабаби баромадан ба нафақа...” Вале ба ҳар ҳол, мусоҳиби мо гуфт, “мумкин, ба барканории ӯ нишасти хабарии пур аз эҳсосоташ сабаб шуда бошад. Дар ҳар сурат, вақташ омад, бояд ҷойро холӣ кунад.”
Видеои нишасти хабарии Амонуллои Ҳукуматулло (29 январи соли 2014)