Боздошти Қурбонгул барои маҷбур кардани нобиное ба 11 соли гадоӣ
Қурбонгул Шарифова, як зани 49-сола дар Душанбе, ҳудуди 11 сол марди нобиноеро ба талабандагӣ водор кардаву аз роҳи фиреб беш аз 163 ҳазор сомонии ӯро аз худ намудааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, Қурбонгул маъюби гурӯҳи 1-ум Мирзомурод Гуловро аз соли 2002 то моҳи декабри соли 2013 ба ҳайси иҷоранишин дар хонааш ҷой дода, сипас аз ӯ шиноснома ва дафтарчаи нафақахӯриашро гирифтааст. “Шарифова аз нобино будани Гулов истифода намуда, ҳар рӯз ӯро ба ҷойҳои серодами шаҳр оварда мегузоштааст, то бо талбандагӣ машғул шавад”,-мегӯяд манбаъ.
Вазорати умури дохилӣ таъкид мекунад, ки то имрӯз ин зан зиёда аз 163 ҳазор сомониро маҷбуран аз маъюб Мирзомурод Гулов гирифта, ваъда додааст, ки ин маблағҳоро ҷамъ намуда, ба ӯ хонаи истиқоматӣ мехарад, аммо маблағҳоро барои худ сарф кардааст: “Феълан Қурбонгул Шарифова ҳамчун гумонбар дар ҷалби одамон барои истисмор, дастгир гардида, Мирзомурд Гулов дар беморхона ба табобат фаро гирифта шудааст.”
Ин ниҳод афзуд, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)