Зоиров: “Маҳмадраҳим дар ШИЗО мурдааст”. Ализода: “Не”
Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), ки ҳамзамон раҳбари Консорсиюми юридикист, аз марги Маҳмадраҳим Саидов дар зиндони рақами яки Душанбе хабар дод. Бино ба иттилое, ки ҷаноби Зоиров дастрас кардааст, ӯ зодаи ноҳияи Ҳамадонӣ буда, яке аз шоҳидони марги Ҳамза Икромзода ба ҳисоб мерафтааст.
Раҳбари Консорсиюми юридикӣ мегӯяд, бар асоси иттилое, ки ба ӯ доданд, Маҳмадраҳим гӯиё дар пайи сардиҳо дар ШИЗО, утоқи ҷаримавӣ, ҷон бохтааст. “Мо ҳоло ин масъаларо пурра таҳқиқ накардаем. Чизе, ки дар даст дорем, ҳамин иттилоъ аст, ки ба мо расида”,-афзуд Зоиров. Раҳматилло Зоиров, ки ин хабарро дар саҳифаи Фейсбукаш низ гузошта, аз Зариф Ализода, Омбудсмени тоҷик, хостааст, бо истифода аз ҳуқуқаш ба ин масъала расидагӣ кунад.
Дар ҳамин ҳол, Парвин Ализода, сухангӯи Муассисаи ислоҳи ҷазои ҷиноятӣ, дар сӯҳбат бо “Озодагон” хабари марги Маҳмадраҳим Саидов дар зиндони рақами 1-и Душанберо рад кард. Мусоҳиби мо гуфт, тайи як моҳи охир дар маҳбасхонаи тобеи ин муассиса ягон зиндонӣ нафавтидааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)