“Барқи тоҷик”: Қарзҳои бесуроға, таассуф аз содир нашудани барқ ва дахолати БҶ
Масъулини ширкати “Барқи тоҷик” мегӯянд, қарзи аҳолӣ дар назди ширкат ба 342, 6 миллион сомонӣ расидааст, ки аз ин 100 миллион сомонияш бесуроға мебошад.
Алихон Шарипов, сармуҳандиси раёсати фурӯши барқи ширкат, мегӯяд, қарзи дебитории “Барқи тоҷик” 884 миллион сомониро ташкил медиҳад ва афзуд, ки дар баробари аҳолӣ, корхонаҳои соҳаи кишоварзӣ аз барқ беш аз 54 миллион сомонӣ ва корхонаҳои хоҷагии об 246,7 миллион сомонӣ қарздор мебошанд.
Номбурда он омореро, ки Оҷонсии зидди фасод дар мавриди барзиёд ҳисоб намудани маблағи истифодаи барқ таъйид карда, гуфт, чунин таҳлилро як сол қабл худи масъулини “Барқи тоҷик” таҳия карда, ба Додситонии генералӣ ирсол намуда буданд. Шарипов таъкид кард, ки Раёсати фурӯши барқ аз моҳи июли соли гузашта мустақил шуд ва то ҳол нисбати 17 нозири барқ 360 санади қонунвайронкунӣ тартиб додаанд: “Миёни 3 ҳазору 60 нозир дар саросари кишвар нозирони бевиҷдон низ ҳастанд”.
Роҳбарияти “Барқи тоҷик” мегӯяд, қарзи ширкат аз андоз ба 400 миллион сомонӣ, аз “Сангтӯда-1” 427 миллион ва аз “Сангтӯда-2” ба беш аз 100 миллион сомонӣ расидааст.
Даврон Исҳоқов, муовини раиси “Барқи тоҷик” яке аз омилҳои ташаккули қарзи ширкатро набудани имкон барои содироти барқ арзёбӣ карда, афзуд, ки дар сурати амалӣ шудани лоиҳаи “CASA 1000” марҳила ба марҳила қарзҳои “Сангтӯда 1” ва “Сангтӯда 2”- ро пардохт хоҳанд кард.
Муҳаммадамин Аминов, як масъули “Барқи тоҷик” гуфт, барои муайян ва баҳогузорӣ кардани ҳам қарзҳои кедиторӣ ва ҳам дебиторӣ 4 ширкати хориҷӣ барои гузаронидани аудит ҷалб шудаанд, ки дар назар аст, то охири соли равон ин аудит ба охир расад. Номбурда илова намуд, ки маблағузории ин аудитро Бонки ҷаҳонӣ бар уҳда гирифтааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)