Имзои 40 вакили қирғиз барои истеъфои ҳукумат
Зери вотуми нобоварӣ ба ҳукумати Қирғизистон алакай 40 намояндаи мардумии ин кишвар имзо гузоштаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Жогорку Кенеш-парлумони Қирғизистон, ин шумораи намояндагони мардумии қирғиз гуфтаанд, ба ҳукумати кишвари худ эътимод надоранд.
Манбаъ мегӯяд, истеъфои Жанторо Сотиболдиев, нахуствазири Қирғизистонро аслан аъзои ҷиноҳи “Республика”, 6 узви ҷиноҳи “Ота-макон”, 5 намояндаи мардумии “Ор-Номус” ва гуруҳи вакилони “Онугуу-Прогресс”, ки таҳти раҳбарии Боқит Торобаев дар парлумони ин кишвар қарор доранд, хостор шудаанд.
Дафтари матбуотии Жогорку Кенеш мегӯяд, дар руйхати раъйдиҳандагон номи намояндагони Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон дида намешавад.