Обуҳавошиносони тоҷик чархбол (вертолёт) меҷӯянд
Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон эълон кардааст, ки барои муайян намудани вазъияти захираҳои оби дарёву пиряхҳои кишвар ба чархбол (вертолёт) ниёз дорад.
Ин муассиса эълон намудааст, барои баланд бардоштани сифати пешгӯиҳои обу ҳаво дар даҳрӯзаи сеюми моҳи феврал ва даҳрӯзаи аввали моҳи марти соли ҷорӣ ба хизмати чархбол ниёз дорад ва миёни довталабон то 20 феврал озмун эълон кардааст.
Обуҳавошиносон мегӯянд, мушоҳидаҳои ҳавоӣ дар ҳавзаи дарёҳои Қизилсу, Ёхсу ва Вахш (Оби Хингоб, Сурхоб, Муксу, забонаи пиряхи Федченко) ба нақша гирифта шудааст. Манбаъ таъкид мекунад, таъминкунандагони чархбол бояд вазъи хуби техникӣ, таҷрибаи кофӣ, 3 тонна захираи сӯзишворӣ ва ҷой барои 10 мутахассисро таъмин намоянд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)