Ҳоҷӣ Мақсад аз фатвои худ дар бораи қатли ҳамҷинсгароён даст кашид
Ҳоҷӣ Мақсад Токтомушев, иҷрокунандаи вазифаи муфтии Қирғизистон даъват шудан ба қатли ҳамчинсгароён дар фатвояшро рад кард.
Ӯ дар суҳбат бо намояндагони ВАО гуфтааст, ҳар чанд бо ин мазмун, ки “ҳар куҷо ҳамҷинсгароеро дидед, ба қатл расонед” дар фатвои ахираш матне омадааст, вале он ба солҳои пешин марбут буда, ба замони ҳозира дахле надорад. Ба гуфтаи Токтомушев, дар гузашта баро аз байн бурдани ҳамҷинсгароӣ чунин фармоне содир шуда будааст.
Иҷрокунандаи вазифаи муфтии Қирғизистон дар шарҳи гуфтаҳояш илова кардааст, ки ҳамҷинсгароӣ як мавзуест, ки инсон ҳатто аз сухан гуфтан дар бораи он нафрат дорад. “Агар инсон заррае ақл дошта бошад, ҳар гиз даст ба чунин корҳо намезанад. Худ андеша кунед, ҳатто ҳайвон, ки ақл надорад, ба ин роҳ намеравад. Аз ин рӯ, ба ҳар кас маъқул аст ё не, Қуръон ва шариати исломӣ онро манъ кардааст.”- таъкид кардааст, Ҳоҷӣ Мақсад Токтомушев
Идораи муфтиёти Қирғизистон охирҳои ҳафтаи гузашта дар пайи нигаронии Human Rights Watch, Дидбони ҳуқуқи башар аз шиканҷа шудани ҳамҷинсгароён дар ин кишвар фатвоеро оид ба мамнуъ будани ҳамҷинсгароӣ аз нигоҳи Ислом содир карда, ин амалро маҳкум ва ғайриахлоқӣ хонда буд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)