6 ширкат ба мақомоти тоҷик 6,8 миллиард $ ваъда кардаанд
Шаш ширкати хориҷӣ изҳори омодагӣ кардаанд, ки ба иқтисодиёти Тоҷикистон наздики 7 миллиард доллари амрикоӣ сармоягузорӣ кунанд.
Ин нуқтаро Қодири Қосим, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, имрӯз, 5-уми феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе изҳор дошта, афзуд, ки бар иваз ин ширкатҳо аз давлати Тоҷикистон имтиёзҳои бештарро талаб доранд.
Қодири Қосим илова намуд, ки феълан бо ин сармоядорҳо бо назардошти манфиатҳои миллӣ гуфтушунид идома дорад. Ӯ изҳор дошт, ки ширкатҳо аз Аврупо, Чин, Ҳиндустон, Малайзия ва Эрон буда, бештар ба нақлиёт, саноати куҳкорӣ ва дигар соҳаҳо майл доранд.
Ин дар ҳолест, ки маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон то 1 январи соли 2014 аз 50 лоиҳа иборат буда, маблағи умумии он 9,96 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки аз он 3,99 млрд. сомонӣ грант аст. Қодири Қосим дар қатори манбаҳои асосии сармоягузории лоиҳаҳо дар Тоҷикистон, аз ҷумла Бонки рушди Осиё – $560,77 млн, ЭксИмБонки Чин – $559,61 млн, Бонки умумиҷаҳонӣ- $208,38 млн, Бонки исломии рушд - $120,95 млн, дигар созмонҳои байналмилалӣ - $504,46 млн ва ҳукумати Тоҷикистон - $133,3 млн-ро ном бурд.