Вогузории ҳалли баҳсҳои марзӣ ба уҳдаи Хайруллоев, Зокиров ва Асоев
Се гуруҳи кории махсус аз Душанбеву Бишкек, ки дар пайи тавофуқи рӯзи 31 январи Муродалӣ Алимардон, ноиби нахуствазири Тоҷикистон, бо ҳамтои қирғизаш -- Тоқон Мамитов ташкил шуда буд, 5 феврал ҷаласаи нахустинашро дар Исфара баргузор кард. Ин гуруҳҳо барои баррасии масоили марзӣ таъсис ёфта, кори худро аз Хоҷаи Аъло, маҳалли тирпаронии 11 январ миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз, шурӯъ намудаанд.
Дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, мегӯяд, “аз ҷониби Душанбе гуруҳи корӣ оид ба масоили низомию марзро Шералӣ Хайруллоев, мушовири раисиҷумҳур оид ба амният, гуруҳи корӣ оид ба мушаххас ва аломатгузории марзро Маҳмадтоҳир Зокиров, раиси Кумитаи заминсозӣ ва гуруҳи корӣ оид ба истифодаи роҳҳои наздимарзиро Хайрулло Асоев, вазири нақлиёти Тоҷикистон роҳбарӣ доранд.”
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон таъкид мекунад, сар аз имрӯз ин се гуруҳи корӣ ба ҳалли масоили ба онҳо вогузоршуда пардохта, изҳори боварӣ намудааст, ки тамоми танишҳо бо Қирғизистон дар фазои якдигарфаҳмӣ ҳал хоҳанд шуд. Гуфта мешавад, ҷонибҳо баъд аз муайян кардани он ки тирпаронии 11 январ нахуст аз тарафи кӣ сурат гирифтааст, ба ҳалли масоили дигаре чун додани роҳи мустақим аз Хоҷаи Аъло ба Ворух тавассути Қирғизистон ва идомаи сохтмони баҳбарангези роҳи Кӯтош-Оқсой-Тамдиқ хоҳанд пардохт.
Мавзӯи талаби Тоҷикистон аз Қирғизистон дар бораи гирифтани роҳи мустақим аз Хоҷаи Аъло то Ворух ва дар ивазаш иҷозаи сохтмони роҳи баҳсбарангези Қирғизистон охирҳои моҳи январ баъд аз анҷоми нишасти ҳайатҳои Душанбеву Бишкек дар Исфара садо дод. Оё ин мавзӯъ баъдан дар сӯҳбати Муродалӣ Алимрадон бо Тоқон Мамитов дар Бишкек баррасӣ шудааст, ё не, то ҳол маълум нест. Чаро ки ҷонибҳо ба ҷуз имзои як протокол ҷузъиёти дигари ин музокиротро расонаӣ накарданд.
Вале Мамитов субҳи 31 январ Тоқон дар сӯҳбат бо хабарнигорони қирғиз эълон карда буд, ки Душанбе мухолифи сохтмони роҳи баҳсбарангези Кӯктош-Оқсой-Тамдиқ нест. Ба қавли Тоқон Мамитов, “мо ин мавзӯъро бо ҳайати Тоҷикистон дар миён гузоштем ва Муродалӣ Алимардон гуфт, Тоҷикистон мухолифи сохтмони ин роҳ нест.” Аммо оқои Мамитов аз шарҳи тирпаронии 11 январ дар марз худдорӣ карда ва ҳам нагуфтааст, ки Тоҷикистон бар ивази чӣ талабе ба идомаи сохтмони роҳи баҳсбарангез ризоият додааст.
Тоҷикистону Қирғизистон тӯли 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз он 567 километраш аломатгузорӣ шудаасту бас. Ин номуайянӣ боис мегардад, ки миёни сокинони наздимарзӣ мунтазам даргириҳо сурат гиранд. Рӯзи 11 январи соли ҷорӣ дар пайи идомаи сохмтони роҳи алтернативии Қирғизистон, ки аз қаламрави Тоҷикистон мегузарад, даргирӣ миёни марзбонҳои ду кишвар сурат гирифт, ки дар пай ҳашт захмӣ боқӣ гузошт.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳороте гуфта буд, тирпаронӣ бидуни кадом огоҳӣ нахуст аз тарафи марзбонҳои қирғиз оғоз ёфта, марзбонҳои тоҷик танҳо барои ҳифзи ҷонашон ба онҳо ҷавоб додаанд. Ҷониби Қирғизистон ҳам дар ин баҳс паст наомада, марзҳояш бо Тоҷикистонро баст ва сафири худро аз Душанбе барои “мушовара” ба Бишкек хонду марзбнҳои тоҷикро дар сар задани ин ҳодиса муттаҳам кард. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)