"Лағви пасвандҳои русӣ аз насаб рисолати ҳар як тоҷик аст"
Гавҳар Шарофова, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, дар нишасти хабарии панҷуми феврал аз лағви пасванди “ова”-и русӣ аз насабаш хабар дода ва онро “рисолати миллии ҳар шаҳрванди Тоҷикистон" номид. Ӯ бо ишора ба таҷрибаи тағйири номи худ, изҳор дошт, ки ин раванд он қадар давутози зиёде талаб намекунад ва мушкил ҳам нест.
Масъулони Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон мегӯянд, баъзе таъхиркориҳо ҳангоми иваз намудани насаб аз тарафи мақомот фақат ба хотири ҷилавгирӣ аз пинҳон кардани ҷиноятҳост.
Шарофзода дар ин нишасти хабарӣ дар бораи ворид кардани забони тоҷикӣ ба “Гугл-тарҷумон” гуфт, ин кор дар нақша аст, вале вақт, меҳнат ва мутахассис металабад. Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, инчунин, аз риоя нашудани меъёрҳои забони адабӣ дар бархе аз барномаҳои телевизион интиқод карда, афзуд, феълан гурӯҳи махсус ташкил шудааст, ки забони барномаҳои телевизионро таҳлил мекунад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)