Боздошту раҳоии Шарофиддин, ҳамкори собиқи Умаралӣ Қувватов, дар Испания (ВИДЕО)
Шарофиддин Гадоев, шаҳрванди Тоҷикистон ва аз ҳамкорони собиқи Умаралӣ Қувватов, ки мегӯяд, ҳоло дар Мадрид қарор дорад, рӯзи 2 феврали соли ҷорӣ аз сӯи Интерпол ё пулиси байналмилалӣ боздошт шуда, баъдан бо ҳукми додгоҳи Испания раҳо гардидааст. Ҷаноби Гадоев гуфт, далели раҳоии ӯ аризааш дар бораи дарёфти паноҳандагии сиёсӣ аз Испания будааст.
“Ҳангоми тафтиши ҳуҷҷат Интерпол маро боздошт кард. Баъдан, додгоҳи Испания қарор баровард, ки бояд дар озодӣ бошам. Чунки аз ин пеш ба ҳукумати Испания барои гирифтани паноҳандаи сиёсӣ ариза навиштам ва ҳоло ин муроҷиати ман аз тарафи мақомоти Испания баррасӣ мешавад”,-гуфт ӯ.
Гадоев дар сӯҳбати кӯтоҳи худ тавассути Skype ба “Озодагон” далели талошҳояш барои дарёфти паноҳандагӣ дар яке аз кишварҳои Аврупоро фишору таҳдид ба ҷону молаш аз тарафи мақомоти Тоҷикистон арзёбӣ кард. Шарофиддин Гадоев, ки худро яке аз сармоягузорон ва раҳбари кулли ширкати “Голд Тур Транс” муаррифӣ кард, гуфт, мақомоти тоҷик ӯро бар асоси моддаи 282, қисми 1 ва 340-и Кодекси ҷиноӣ муттаҳам дониста, бар муқобилаш парванда боз кардаанд. “Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ки гӯиё ман ба кишвар ҳудуди 30 автомошинаи боркаш ворид карда, дар гумрук нархи аслии онҳоро поёнтар нишон додаам. Дар муроҷиати ҳукумати Тоҷикистон навишта шудааст, ки гӯиё бо ин роҳ ман ба буҷаи давлат ба маблағи 200 ҳазор доллар хисорот ворид кардаам”,-илова намуд Шарофиддин Гадоев.
Ин шаҳрванди Тоҷикистон мегӯяд, дар ширкати “Голд Тур Транс” ӯ бо Умаралӣ Қувватов, раҳбари Гурӯҳи 24, ҳамкорӣ дошт: “Дар ин ширкат 107 мошин буд, ки 80-тоаш аз Қувватов, боқимондааш аз ман буд. Мо асосан ба боркашонӣ аз Хитой ба Қирғизистону Тоҷикистону Афғонистон машғул будем. Вале, ба далели он ки мехостем баъзе корҳои сиёсӣ кунем, тағйирот кунем, ин ҳама тасарруф карда шуд.” Мусоҳиби мо мегӯяд, тибқи иттилои доштааш, намояндагони мақомоти Тоҷикистон ҳоло ба наздикони ӯ, бахусус падару модараш, фишор оварда, талаб кардаанд, то фарзанди худро ба Ватан бихонанд. Оқои Шарофиддин гуфт, дар назар аст, дар рӯзҳои наздик мақомоти Испания ба ӯ паноҳандагии сиёсӣ бидиҳанд ва ӯ дар он ҷо боқӣ хоҳад монд.
Шарофиддин Гадоев худро хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муаррифӣ кард. Вай гуфт, ҳамагӣ ду соли пеш ба далели пеш омадани мушкил дар тиҷораташ, ки, ба қавли ӯ, ба наздикони раисиҷумҳур рабт мегирад, кишварро тарк карда буд. Вале то замони нашри хабар ягон ниҳоди расмӣ дар бораи қазияи Шарофиддин Гадоев изҳори назар накарда ва ҳам шарҳ надод, ки то куҷо гуфтаҳои ӯ ҳақиқатанд. Дар сурати пайдо шудани ҳаргуна хабари расмӣ онро интишор хоҳем дод. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)