Вакилони Зайд: Ҳар қадамамонро назорат ва телефонҳоро гӯш мекунанд
Вакилони мудофеи Зайд Саидов, соҳибкор, вазири собиқи саноат ва раҳбари зиндонии Тоҷикистони нав, иддао доранд, ки масъулони Оҷонсии зидди фасод пайваста сӯҳбатҳои телефонии онҳоро гӯш мекунанд.
Шӯҳрат Қудратов, яке аз се вакили дифои Зайд Саидов, дар нишасти матбуотии 5 феврал дар Душанбе гуфт, аз изҳороти ахири Фаттоҳ Саидов (Абдуфаттоҳи Ғоиб), раиси Оҷонсии зидди фасоди молӣ, бармеояд, ки “онҳо ҳар қадами моро пайгирӣ карда, сӯҳбатҳои телефонии моро гӯш мекунанд.” Қудратов ин кори масъулони Оҷонсии зидди фасоди молиро ғайриқонунӣ хонда, таъкид намуд, барои дифоъ аз ҳуқуқи худ ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати умури дохилӣ муроҷиат мекунанд.
Вакилони дифоъ, инчунин, даъво доранд, ки Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ, дар нишасти хабарияш дар ҳаққи онҳо ҳарфҳои беасос гуфтааст. Вакилон дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, ҳоло қасд доранд, аз болои Фаттоҳ Саидов ба додгоҳ шикоят бубаранд, то мӯй аз хамир ҷудо гардад.
Фаттоҳ Саидов (Абдуфаттоҳи Ғоиб) рӯзи 4 феврал дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, ташхиси ДНК-и Зайд Саидовро, ки муфаттишон ба додгоҳ пешниҳод кардаанд, 99,9 дарсад дуруст аст. Дар мавриди он ки вакилони мудофеъ навори масъулини “Био Папа”, масъули ташхиси ДНК-и Зайд Саидовро, пешниҳод карда, нишон доданд, ки хулосаи ироакардаи муфаттишон тақаллубӣ аст, Фаттоҳ Саидов изҳор дошт: “Ин кори дасти вакилон аст, ки бо ин роҳ мехоҳанд, ба наздикони Зайд нишон диҳанд, ки кор карда истодаанд. Зеро мо медонем, ки 9 моҳ боз адвокатҳо ҳатто субҳонаро дар хонаи Зайд Саидов мехӯранд.”
Аммо Қудратов гуфтаҳои Саидовро ҳатто дар мавриди он ки вакилони Зайд Саидов 9 моҳ боз субҳонаашонро дар хонаи зерҳимояашон мехӯранд, беасос хонда, таъкид намуд, ки тайи ин муддат вакилони дифоъ ҳамагӣ ду бор - замони боздошти писарони Зайд ва фавти наберааш ба хонаи ӯ рафтаанд.
Зайд Саидов баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби “Тоҷикистони Нав” боздошт шуд. Додгоҳ моҳи декабри соли гузашта, баъд аз ҳафт моҳи боздошташ, ӯро дар қаллобӣ, сӯиистифода аз мақом, бисёрзанӣ ва таҷовуз ба номус муҷрим шинохта, барои 26 сол равонаи зиндон кард. Вакилони мудофеи Зайд Саидов мегӯянд, то ҳол нусхаи ҳукми додгоҳро дарёфт накарда, додрас Шавкат Абдулхайров ба онҳо шарт гузоштааст, ки танҳо дар сурати ифшо накардани ҷузъиёташ ҳукмро ба онҳо хоҳад дод. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)