Маршали авитасияи Ҳиндустонро вазири мудофиаи ҶТ ба ҳузур мепазирад
Як ҳайати баландпояи низомиёни давлати Ҳиндустон вориди Душанбе гардиданд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз вазорати мудофиа иттилоъ доданд, ин боздиди ҳарбиёни ҳинд дар чорчӯби сафари расмӣ анҷом пазируфта, ҳайатро маршали авиатсияи Ҳиндустон Кишан Кумар Новар, ҳамзамон муовини сардори ситоди қувваҳои ҳарбии ҳавоии ҷумҳурии Ҳиндустон роҳбарӣ менамояд. Дар назар аст, ки зимни ин сафар ҳайати меҳмонон бо роҳбарияти вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ва раҳбари ин вазоратхона генерал -полковник Шералӣ Хайруллоев мулоқот кунанд. Фаридун Маҳмадалиев, сардори дафтари матбуотии вазорати дифоъи Тоҷикистон мегӯяд, зимни нишасти мазкури роҳбарони олимақоми низомии ду кишвар масоили марбути ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии дуҷониба баррасӣ мегардад. {jathumbnail off}