Миср аз Қатар хостааст, Юсуф Қарзовиро таслим кунад
Мақомоти Миср бори дигар расман аз ҳамтоёни қатарии худ хостаанд, Юсуф Қарзовӣ, раиси Иттиҳоди мусулмонони ҷаҳонро, ки дар чанд хутбаи ахири намози ҷумъааш, алайҳи онҳо сухан меронад, ба Қоҳира таслим кунад. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии Миср, ин ниҳод рӯзи 4 феврал сафири Қатар дар Қоҳираро эҳзор ва ин мавзӯъро ба миён гузоштааст.
Бадр Абдулъотӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Миср гуфтааст, аз Давҳа қотеона талаб шудааст, то шаҳрвандони кишварашро, ки дар пайгарди қонунӣ ҳастанду ҳоло дар Қатар ба сар мебаранд, ба ватан истирдод кунад. Абдулъотӣ мегӯяд, миёни ин шахсиятҳо номи Юсуф Қарзовӣ низ гирифта шудааст.
Эҳзори сафири Қатар дар Қоҳира ба Вазорати умури хориҷии Миср бори аввал нест, моҳи гузашта низ дар робита ба интиқоди ҳукуматдорони Давҳа аз саркуб шудани ҷонибдорони Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури Миср дар ин кишвар эҳзор шуда буд. Ин дар ҳолест, ки Вазорати умури дохилии Миср низ қаблан бо судури як фармон номи Юсуф Қарзовиро дар рӯйхати афроди дар кофтукоб қарор дошта ворид карда, ба масъулини ин ниҳод дастур дода буд, то ҳангоми вуруди Қарзовӣ ба қаламрави ин кишвар ӯро боздошт кунанд.
Юсуф Қарзовӣ 88 сол дошта, яке аз руҳониёни маъруфи мисрӣ ва раиси Иттиҳоди уламои мусулмонони ҷаҳон мебошад. Қарзовӣ тӯли чанд муддат аст, Мисрро ба қасди Қатар тарк карда, то кунун имом-хатибии масҷиди Умар ибн ал-Хаттоби шаҳри Давҳа, пойтахти Қатарро ба зимма дорад.