Қоҳир Расулзода “Барқи тоҷик”-ро таҳти назорат мегирад
Дар Тоҷикистон барои назорату густариши фаъолияти ширкати “Барқи тоҷик” моҳи равон Шӯрои нозирон таъсис меёбад, ки роҳбарии онро Қоҳир Расулзода, нахуствазири кишвар ба уҳда хоҳад дошт. Дар ин бора Абдусалом Қурбонов, вазири молияи Тоҷикистон, хабар дода, афзуд, феълан ширкати “Барқи тоҷик” аз калонтарин қарздорҳо дар кишвар ба ҳисоб меравад.
Ба гуфтаи Қурбонов, “Барқи тоҷик” аз Вазорати молия низ қарздор аст, ки барои амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла барои кам намудани талафоти нерӯи барқ маблағ гирифтааст. Вазири молияи Тоҷикистон иброз дошт, ҳоло қарзи нисбатан калон аз ҳисоби андоз низ ба ширкати “Барқи тоҷик” тааллуқ дорад, ки 398,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.
“Асосан ҳамон маблағе, ки дуздӣ мешавад, аз ҳисоби кормандони “Барқи тоҷик” мешавад, ин пинҳонӣ нест”,-таъкид дошт ӯ. Ин дар ҳолест, ки Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон низ аз фасодкорӣ дар низоми барқ интиқод намуда, гуфт, масъулини “Барқи тоҷик” ҳаққи барқро аз мардум ҷамъ карда дар киса мезананд, вале дар гузоришҳои худ мардумро барзиёд қарздор нишон медиҳанд.