Боздошти мансабдори Идораи андози Душанбе ба гумони порагирӣ
Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ ё коррупсия як мансабдори Идораи андози Душанберо барои тамаъкорӣ боздошт карда, ба ҳабси пешакӣ гирифтааст.
Ин ниҳод мегӯяд, Ҷумъахон Холов баъд аз 6 моҳи санҷишу гирифтани 50 ҳазор сомонӣ “пора” аз соҳибкор Мирзокаримов, аввали соли ҷорӣ дигарбора аз ӯ пул талаб намуда ва шарт гузоштааст, ки дар акси ҳол фаъолияташро аз санҷиш хоҳад гузаронд. Ба иттилои манбаъ, ҷаноби Холов рӯзи 3 январи соли ҷорӣ ба Мирзокаримов гуфтааст, барои аз нав мавриди санҷиш қарор надодани фаъолияти сҳибкории ӯ, ҳаққи хидматашро ба маблағи 5 ҳазор доллар оварда диҳад.
“Мирзокаримов ноилоҷ 1000 доллари бо худ доштаашро ба ҳайси пора ба Ҷумъахон Холов додааст. Холов дар навбати худ то рӯзи дигар оварда додани 4000 доллари боқимондаро талаб намудааст”,-мегӯяд манбаъ.
Бино ба хабари Оҷонсии мубориза зидди фасоди молӣ, Мирзокаримов бегоҳи 3 феврал бо аризаи шикоятӣ нисбат ба ҳаракатҳои Ҷумъахон Холов ба ин ниҳод муроҷиат намудааст: “Санаи 4 феврали соли 2014 тахминан соати 13, дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ-тафтишотӣ дар ҳудуди кӯчаи Маяковскийи шаҳри Душанбе Ҷумъахон Холов ҳангоми аз Р.Мирзокаримов гирифтани пора ба ҳисоби 4000 доллар дар ҷои ҳодиса дастгир карда шуд.”
Ин ниҳод таъкид мекунад, ки феълан Холов дар боздоштгоҳ қарор дошта, парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ мавриди тафтиш қарор дорад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)