Дуздии дутори нуқрагини муҷассамаи Нури Холмамадов
Ҳафтаи сипаришуда аз назди муҷассамаи композитори маъруфи туркман Нури Холмамадов дар Ашхобод дутори нуқрагин рабуда шудааст.
Муҷассамаи Холмамадов дар гулгушти кӯчаи Котовский, воқеъ дар шаҳраки 11-уми пойтахти Туркманистон ҷойгир аст. “Хроника Туркменистана” менависад, ин аввалин ҳолати дуздидани асбоби мусиқӣ аз назди муҷассамаи ин оҳангсози шинохта нест.
Ба иттилои манбаъ, атрофи муҷассама шабона торик аст ва агар мақомоти марбута чораҳои зарурӣ наандешанд, ҳолатҳои дуздӣ дар оянда низ такрор мешавад.