Нороҳатии ҷабрдидаҳо аз додгоҳи ғоибонаи Роҳат Алиев
Парвандаи Роҳат Алиев ва Алнур Мусоев ҳамчун фармоишгарони куштори сиёсатмадор Олтинбек Сарсонбоев дар ғайби онҳо баррасӣ хоҳад шуд. Дар ин бора ВАО-и Қазоқистон хабар додаанд.
Тулеген Жукеев, намояндаи ҷабрдидаҳо дар як нишасти хабарӣ гуфтааст, бо эҳтимоли зиёд баррасиҳои додгоҳӣ алайҳи Роҳат Алиев дар ғайби ӯ мегузарад, зеро вай дар Қазоқистон нест.
Ин дар ҳолет, ки Роҳат Алиев, домоди собиқи президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев моҳи декабри соли сипаришуда эълон карда буд, дар ин баррасиҳо тавассути видеоконфронс ширкат хоҳад кард.
“Ман омодаам дар ин баҳси додгоҳӣ ширкат кунам, чӣ дар Амрико ва чӣ дар Қазоқистону Аврупо. Ман барои адлияи Аврупо дастрас ҳастам. Омодаам тавассути конфронс, видеоконфронс ширкат намуда, ба тамоми саволҳо ҷавоб гӯям”, -гуфта буд Алиев дар суҳбат бо шабакаи телевизионии А24-и Русия.
20 декабр Додситони кулли Қазоқистон Роҳат Алиевро дар куштори Олтинбек Сарсонбоев, яке аз мухолифони ин кишвар дар соли 2006 муттаҳам кард. Додситони кулл гуфт, ин маълумотро аз Рустам Иброҳимов, ки ба гуфтаи мақомот дар ин ҷиноят даст дорад, дарёфт кардааст. Ба иттилои манбаъ, маълумот дар мавриди фармоишгари ин ҷиноят будани Роҳат Алиевро ҳанӯз моҳи апрели соли 2012 рӯи даст доштанд ва танҳо баъди он ки ин фарзия ба пуррагӣ тасдиқи худро ёфт, онро эълон карданд. Аммо Роҳат Алиев иттиҳомоти мақомоти Қазоқистонро “провокатсия” номида буд.