Эрон мехоҳад, ба баҳси 35-солаи худ бо Бритониё нуқта гузорад
Эрон ба хотири интиқол наёфтани садҳо танки “Чефтен” ва техникаи зиреҳпӯши ҳарбӣ ба Теҳрон аз болои вазорати дифои Бритониё ба додгоҳи олии ин кишвар шикоят бурдааст.
Тибқи навиштаи нашрияи “Independent”, Эрон аз додгоҳи олиии Бритониё хостааст, то ба баҳси 35 солаи Теҳрон бо вазорати дифои ин кишвар дар бораи танкҳои “Чефтен” нуқта гузорад. Ин нашрия менависад, Эрон маблағи ин танкҳоро, ки арзиши умумиашон 400 миллион пундро ташкил медиҳад, ҳанӯз охири солҳои 70-уми қарни гузашта пардохт кардааст. Вале ба далели инқилоби исломии Эрон интиқоли техникаҳои ҳарбии мазкур ба Теҳрон ба таъхир афтод.
Шоҳи вақти Эрон барои харидории 1750 танки “Чифтен” ва техникаҳои зиреҳпӯш ба маблағи 650 миллион пунд дастур дода буд, ки танҳо 185 адад техникаҳои мазкур ба Эрон интиқол ёфтаааст ва ҳоло мақомоти эронӣ маблағи боқимондаи худро талаб доранд.
Independent мегӯяд, ахиран мақомоти эронию намояндагони вазорати дифои Бритониё барои баррасии ин масъала ба сурати ғайрирасмӣ дар Истанбул ва Лондон дидор доштанд ва мақомоти вазорати дифои Бритониё ибрози умедворӣ кардаанд, кин масъаларо на тавассуди додгоҳи олии ин кишвар, балки тариқи ройзаниҳои ҳайатҳои мазкур ин мушкилро ҳаллу фасл хоҳанд кард. Манбаъ илова кардааст, ки соли 2010 қарор буд, ширкати хадамоти байналмилалӣ садҳо миллион пундро тавассути ҳисоби бонкии Эрон интиқол диҳад, ки дар пайи таҳримҳои кишварҳои Аврупо масдуд шудааст ва Теҳрон наметавонад, онро ба даст орад. Вазорати дифои Бритониё гуфтааст, то он даме, ки таҳримҳои ҷорӣ алайҳи Эрон лағв нагардад, маблағҳои Теҳронро бар нахоҳад гардонд.