Вазъи Осиёи Марказӣ дар сӯҳбати вазири дифои Қирғизистон бо Сергей Шойгу
Таалайбек Омуралиев, вазири дифои Қирғистон бо даъвати ҳамтои русаш Сергей Шойгу озими Русия шудааст. Ба иттилои дафтари матбуотии вазорати дифои Қирғизистон, сафари Омуралиев ба Русия рӯзи 3 феврал оғоз шуда, қарор аст, дар ҷараёни он ҷонибҳо масоили марбут ба ҳамкориҳои низомию фаннӣ ва вазъият дар Осиёи Марказиро ба баҳс кашанд.
Дафтари матбуотии вазорати дифои Русия мегӯяд, раҳбарони низомии ин ду давлат дар нахустин мулоқоти худ масоили муҷаҳҳаз гардидани артиши Қирғизистон бо навтарин таҷҳизоти низомии Русияро ба баррасӣ гирифтаанд. Сергей Шойгу таъкид кардааст, ки артиши Қирғизистон бо навтарин силоҳи русӣ дар наздиктарин вақт муҷаҳҳаз хоҳад шуд. Ба қавли ӯ, қарордодҳои марбут дар ин бора миёни ду кишвар ба имзо расида ва таҳвили аслиҳа аз Руссия ба Қирғизистон аз моҳи декабри соли 2013, яъне қабл аз замони қарордодӣ шурӯъ гардида аст: “Русия барои иҷрои ин нақша як миллиард доллари амрикоӣ ҷудо хоҳад кард.”
Инчунин ҷонибҳо дар ин мулоқот ба масоили вазъи кишварҳои Осиёи Марказӣ баъд аз беруноии неруҳои низомии хориҷӣ дахл карда, мақомоти рус таъкид кардаанд, ки дар ин росто онҳоро лозим аст, барои таъмини ҳадди аксари амнияти шарикони худ дар Созмони амнияти дастачамъӣ ҳама иқдомоти лозимро анҷом диҳанд. Вазири дифои рус гуфтааст, кишвараш тасмим дорад, ба Қирғизистон ҳаҷониба дар заминаи таъмини амният кумак намояд.
Таалайбек Оморалиев пеш аз оғози сафараш ба Маскав гуфта буд, таҳвили бахшҳои аслии аслихаи нав аз Руссия ба Қирғизистон ибтидои соли 2014 оғоз хоҳад шуд.
Сафари вазири дифои қирғиз ба Маскав дар ҳолест, ки дар Қирғизистон ҳоло чаҳор нуқтаи низомии Русия, аз ҷумла Бошгоҳи озмойишҳои силоҳи зериобӣ дар шаҳри Қарокӯли вилояти Иссиқ-кӯл, Озмойишгоҳи заминларза дар вилояти Ҷалолобод, Маркази мухобироти низомии воқеъ дар шаҳри Қароболтаи вилояти Чуй ва пойгоҳи ҳавопаймоии низомии мустаққар дар шаҳри Канти вилояти Чуй фаъолият доранд.
Кӯмаки низомии Русия ба Қирғизистон шомили мошинҳои зиреҳпӯш, васоили дифоъи зиддиҳавоӣ, силоҳи тирандоз ва муҳимоти ҷангӣ мебошад.