Дуюмин маймуни кайҳоннаварди эронӣ ба замин баргашт
Донишмандон ва мутахассисони соҳаи кайҳоннавардии Эрон барои бори дуюм маймун ё бузинаеро ба фазо фиристода, барои зинда баргаштани он ба замин муваффақ шудаанд. Ин маймун, ки аз он “Фаргом” ном бурда мешавад, тавассути ковишгари “Пажуҳиш” ба кайҳон фиристода шуда, баъд аз гардиши 15 дақиқа дар баландиии 120 километр ба замин дубора баргашт.
Дар ин муддат донишмандони соҳаи кайҳоннавардии Эрон тавонистаанд, нишонаҳои муҳити дарунии маҳмула ё худ капсуле, ки тавассути он “Фаргом” ба фазо сафар дошт, аз ҷумла, садову тасвир ва таркиби ҳавои дохилии онро сабт ва мавриди омӯзиш қарор диҳанд. Инчунин ба онҳо имкон шудааст, вазъи саломатии мавҷуди зинда, аз ҷумла тапиши қалбу шохисҳои таъйинкунандаи ҳолати умумии он дар тӯли парвозро бо дастгоҳҳои заминӣ муроқибат ва мушоҳида кунанд.
Мутахассисони эронӣ мегӯянд, ҳадаф аз фиристодани маймун, рушди соҳаи кайҳоннавардӣ ва гоми аввалине барои фиристодани инсон ба кайҳон мебошад. Онҳо бар инанд, ки партоби ин капсул бо шумули маймун ба фазо ва баргашти солими он ба замин дастоварди бузурги Эрон дар самти фиристодани инсон ба кайҳон арзёбӣ мешавад. Ба гуфтаи масъулини эронӣ, далели аслии фиристодани маймун ба кайҳон на ҳайвони дигар дар он аст, ки маймун ба инсон шабоҳати зиёд дорад: “Ҳайвоне, ки ба кайҳон фиристода мешавад, бояд ба иловаи қобилияти таълимпазирӣ хусусиятҳои физиологии он низ ба инсон зиёд монанд бошад, то чизҳои дидаву дониши касб кардаи худро ба одамӣ пешкаш кунад.”
Фиристодани маймун ба кайҳон аз сӯи донишмандони эронӣ бори аввал нест, онҳо моҳи феврали соли 2013 низ маймунеро ба кайҳон фиристода буданд. Вале баъд аз омӯзишу таҳқиоқти зиёд ва дастовардҳои ҷадид онҳо дубора барои фиристодани маймун ба кайҳон тасмим гирифтанд. Гуфта мешавад, ин дастоварди муваффақиятомези донишмандони кайҳонавард ҷойгоҳи Эронро дар фановарии ҳаёт дар кайҳон беш аз пеш собит мекунад.
Эрон бо партофтани нахустин моҳвораи комилан миллияш дар соли 2008 тавонист вориди бошгоҳи кайҳонии ҷаҳон шавад.