Амонулло Ҳукумов ба нафақа рафт. Зоиров ба ҷои ӯ омад
Амонулло Ҳукуматулло (Ҳукумов), раиси корхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистон, ки номи ӯ дар пайи садамаи писари 16-солааш моҳҳо боз дар сархати расонаҳо қарор дорад, бо қарори ҳукумати Тоҷикистон таҳти рақами 98 ба нафақа баромада, ҷои худро ба Асадулло Зоиров додааст. Ҷаноби Зоиров то ин дам роҳбари корхонаи фаръии сохтмонии “Роҳсоз”-и ширкати Роҳи оҳан будааст.
Владимир Собкалов, муовини раиси корхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистон, хабари барканории Амонулло Ҳукуматуллоро дар сӯҳбат бо "Озодагон" тасдиқ кард ва гуфт, ин тағйирот рӯзи 4 феврали соли ҷорӣ сурат гирифтааст. Ин барканорӣ дар ҳолест, ки ҳамагӣ як ҳафта пеш ҷаноби Ҳукуматулло ба хабарнигорон гуфта буд, моҳи майи соли ҷорӣ ба нафақа меравад ва агар касе ҷои ӯро гирифтанист, то он вақт сабр кунад.
Амонулло Ҳукуматуллои 63-сола соли 2002 ба курсии раиси Роҳи оҳани Тоҷикистон нишаста, 12 сол боз зимоми ин корхонаро дар даст дошт. Номи вай дар се соли охир дар пайи қазияҳои марбут ба писараш -- Рустам ва Расул вирди забонҳо шуда, ҳамин тавр, дар сахати расонаҳо қарор гирифт. Рустам Ҳукумов, писари Амонулло Ҳукуматулло, соли 2010 бо ҳукми додгоҳе дар Русия барои даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир ба нӯҳ соли зиндон маҳкум шуд, ки ин хабар ҳангоми боздошти ду халабони як ширкати русӣ дар Қӯрғонтеппа расонаӣ гардид. Раҳоии Рустам низ бо раҳоии ин ду халабони ширкати русӣ рост омад, ки ҳадсу гумону суолҳоеро то ҳол боқӣ гузоштааст.
Номи Расули Амонулло дар пайи садамаи маргбори шаби 9 октябри соли гузашта дар маркази Душанбе, ки се куштаву се маҷрӯҳ бар ҷой гузошт, расонаӣ шуд. Мақомот дар лаҳзаҳои аввали садамаи шаби 9 октябр Асрор Ҳукумови 22-сола, бародарзодаи раиси ширкати Роҳи оҳанро, муттаҳам эълон карданд. Аммо баъдан гуфтанд, ин садама бо иштироки Расули Амонулло, писари 16-солаи Амонуллои Ҳукуматулло, рух додааст. Вале ҳоло нафареро бо ному насаби Умар Шарифов ҷустуҷӯ доранд, ки гӯиё гунаҳкори қазия ӯ будааст.
Амонулло Ҳукуматулло дар нишасти ахири хабарияш аз бозтоби қазияҳои марбут ба писаронаш дар расонаҳо изҳори нигаронӣ карда ва гуфта буд, баъд аз анҷоми тафтиш ҳатман аз болои бархе аз рӯзноманигорон ба додгоҳ шикоят мебарад. Ӯ ҳатто ба хабарнигори "ИмрӯзNews", ки бо Рустам Ҳукумов вориди як баҳси додгоҳӣ шуда буд, таъкид кард, ки эҳтиёт бошанд, чун ӯ медонад дар пасашон кӣ меистад. Ин изҳороти Ҳукуматулло бо вокуниши тунди ҳайати эҷодии ИмрӯзНюз рӯбарӯ омад ва онҳо бо ирсоли як нома ба раисиҷумҳур, раиси Кумитаи амнияти миллӣ ва вазири умури дохилӣ гуфтанд, ки суханҳои раиси Роҳи оҳан (ҳол собиқ) таҳдидомез аст ва ҷони онҳо дар хатар мебошад.Дар акси дувум: Асадулло Зоиров, раиси нави Роҳи оҳани Тоҷикистон Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)