Ислом Каримов дар Прага бо эътирози ҳамватанҳояш рӯбарӯ мешавад
Ҳомиёни ҳуқуқ тасмим доранд дар рӯзи сафари Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон ба Прага бо нишони эътироз гириди ҳам биёянд.
Сафари Каримов ба Прага 21 феврал дар назар аст. Ҳомиёни ҳуқуқ мехоҳанд бо гирдиҳамоии эътирозӣ назари ҷомеаи аврупоиро ба вакъи бади марбут ба ҳуқуқи инсон дар Узбакистон ҷалб созанд,-хабар медиҳад uznews.net.
Муътабар Тоҷибоева, раҳбари клуби “Қалбҳои оташин” гуфтааст, онҳо аз Ислом Каримов раҳоии тамоми маҳбусони сиёсиро талаб хоҳанд кард. “Ҳамчунин талаб мекунем, ки барои фаъолияти озоди созмонҳои ғайриҳукуматӣ шароити мусоидро фароҳам намуда, озодии баёнро кафолат бидиҳад”,-афзудааст ӯ.
Қатъи шиканҷа алайҳи боздоштшудаҳои ҳаводиси Андиҷон дар соли 2005 яке аз дигар талаби онҳо хоҳад буд.
ВАО-и расмии Узбакистон хабар медиҳад, ки тайи сафари дурӯза ба Чехия Ислом Каримов бо президенти он кишвар Милош Земан бештар сари низоми раводид миёни ду кишвар ва ҳамкориҳои тиҷорӣ-иқтисодӣ суҳбат хоҳанд кард.