Мулоқоти махсуси Путин бо Раҳмон ва Отамбоев дар Русия
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия барои ҳудуди 40 президент ва нахуствазирони кишварҳои ҷаҳон, ки дар маросими ифтитоҳи олимпиадаи Сочӣ иштирок мекунанд, хӯроки шомро ташкил хоҳад кард.
Бар асоси иттилои Кремлин, дар доираи ин ҳамоиши президентҳо, интизор меравад, Путин бо Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон, Алмосбек Отамбоев -- раисиҷумҳури Қирғизистон ва роҳбарони Чин, Ҷопон ва Ҳолланд мулоқоти хос анҷом бидиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки ҳамзамон президенти Кумитаи миллии олимпист, дар олимпиадаи зимистонаи Сочӣ иштирок хоҳад кард. Ба иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҷаноби Раҳмон дар маросими ифтитоҳи олимпиада, ки 7 феврал дар назар аст, ширкат меварзад.
Олимпиадаи зимистонаи Сочӣ аз 7 то 23 феврал баргузор хоҳад шуд, ки дар он ду варзишгари тоҷик ҳам иштирок мекунанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)