Тамринҳои “Истиқлол” дар Қайроққум шурӯъ гардид
Шоми дирӯз, 3 феврал бозигарон ва ситоди мураббиёни бошгоҳи “Истиқлол” барои оғози тамринҳо ба вилояти Суғд сафар карданд. Дар ин бора торнамои расмии “Истиқлол” хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, тамринҳои тим дар шаҳри Қайроққум мегузарад. “Давоми ду ҳафта “Истиқлол” чанд бозии санҷишӣ бо дастаҳои вилояти Суғд ва Қазоқистон ҳам анҷом медиҳад”,-меафзояд сарчашмаи хабар.
Ҳайати даста аз ин қарор аст:
Дарвозабонҳо - Алишер Туйчиев, Силванус Эванс.
Ҳимоятгарон - Эраҷ Раҷбов, Наим Улмасов, Сиёвуш Асроров, Глаубер Да Силва, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Аҳтам Назаров, Алишер Сафаров.
Нимҳимоятгарон - Фатҳулло Фатҳуллоев, Нуриддин Давронов, Дэвид Мауто, Виллер Соуза Оливейра, Дилшод Восиев, Умеҷон Шарипов, Хуршед Маҳмудов.
Ҳамлагарон - Комил Саидов, Жосимар Насименто.
Ромиш Ҷалилов ва Ҷаҳонгир Эргашев, ки аз бозиҳои Ҷоми Иттиҳод-2014 баргаштанд, шашуми феврал ба ҳайати тим мепайванданд.