1 000 сомонии Убайдуллоев ба кӯчарӯбони пойтахт
Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, тайи як ҷаласа аз ҳамаи онҳое, ки дар тоза кардани роҳҳои пойтахт аз барф саҳм гирифтаанд, бахусус занҳои кӯчарӯб, сипосгузорӣ намудааст. Вай гуфта, ки дар ҳоли ҳозир ба ҳар кадоме аз онҳо кумаки якдафъаина ба ҳисоби 1000 сомонӣ таъин карда шавад.
Бар иловаи ин, шаҳрдори Душанбе масъулони ҳукумати пойтахтро вазифадор кардааст, то ҷаласаи навбатӣ тарҳи илова ба маоши кӯчарӯбон ҳар сол дар моҳҳои декабр, январ ва февралро омода кунанд. Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ мегӯяд, 700 сомонии ин пули иловагӣ аз ҳисоби шаҳрдорӣ ва 300 сомонӣ аз ҳисоби ҳукумати ноҳияҳо пардохта хоҳад шуд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)