Шикояти се мард аз зану таъна заданҳои хушдоманашон
Масъулони Кумитаи занон ва оила дар Тоҷикистон мегӯянд, дар шаш моҳи охир се мард аз болои зан ва хушдоманашон ба ин ниҳод шикоят овардаанд. Марҳабо Олимова, муовини раиси Кумита, рӯзи чоруми феврал дар сӯҳбат бо хабарнигорон, гуфт, яке аз ин мардҳо шикоят кардааст, хушдоманаш барои кам овардани маблағ ба хона ӯро пайваста таъна мезанад.
“Мард шикоят намуд, ки гӯиё хушдоманаш мегӯяд, пул кам меоред, тиловорӣ харед, чаро тиловорӣ намехаред ба духтари ман”,-гуфт дар шаҳри иттилояш Марҳабо Олимова. Муовини раиси Кумитаи занон ва оила афзуд, шикояти ду марди дигар аз болои ҳамсаронашон будааст, ки боис ба муноқишаҳои хонаводагӣ шуда, зиндагии ширинашро талх мегардонанд. “Мо барои ҳалли шикояти мардҳо аз болои хушдоман ва ҳамсаронашон мусоидат намуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарондем”,-афзуд Олимова.
СОКИНИ 71-СОЛА ДАР ҒАМИ ОИЛАДОРӢ
Марҳабо Олимова дар идома гуфт, дар ин муддат як пирмарди 71-сола, сокини шаҳри Душанбе, барои пайдо кардани ҳамсар ба Кумитаи кор бо занон муроҷиат намудааст. Ба қавли Олимова, фарзандони ин пирмард барои ҳамсари нав гирифтани падарашон зид баромадаанд: “Лекин мо гуфтем вазифаи мо пайдо кардани ҳамсар нест ва рафта бо духтари калонияш сӯҳбат кардем. Агар зӯри падаратон мерасад, бигузор гирад. Пирамард соҳиби 5 фарзанд мебошад ва ҳамсараш вафот карда будааст.”
299 ҲОЛАТИ ХУДКУШИИ ЗАНОН
Мағфират Хидирова, раиси Кумитаи кор бо занон, дар ҷараёни ин нишасти хабарӣ ба масъалаи худкушӣ ва ҷинояткорӣ миёни занҳо дахолат намуда, гуфт, соли гузашта 299 ҳолати худкушии занҳо ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли пешин 12 ҳолат зиёд мебошад. Раиси кумита иброз намуд, дар соли гузашта 1 ҳазору 89 ҷиноят аз ҷониби занҳо содир шудааст, ки бештараш ба ҷиноятҳои дуздӣ, қочоқи маводи мухаддир, қаллобӣ рост меояд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)