Ҷоизаи Ланглиф барои 23-солаҳо
Барои дарёфти Ҷоизаи Кохи варзишии «Ланглиф», миёни варзишгарони то 23 сола мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини самбо санаи 21-ум 22-уми майи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд доир мегардад.
Тавре аз бахши иттиллоти кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ ба мо хабар доданд, дар мусобиқа иштироки ҳайати дастаҳои ВМКБ, вилояти Суғд (2 ҳайат) , вилояти Хатлон (2 ҳайат), шаҳри Душанбе (2 ҳайат), шаҳру навоҳии тобеи марказ (1ҳайат) аз рӯи вазнҳои 52кг, 57кг, 62кг, 68кг, 74кг, 82кг, 90кг ва 100 кг қувваозмоӣ мекунанд. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ғолибони мусобиқаро бо диплому медалҳо ва федератсияи самбои вилояти Суғд бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мекунанд.