VIDEO: Раиси Оҷонсӣ дар мавриди ташхиси "қалбакӣ"-и ДНК-и Зайд Саидов
Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии мубориза зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон, тақаллубкорӣ дар парвандаи Зайд Саидов – соҳибкор ва раҳбари зиндонии Тоҷикистони навро рад кард. Ҷаноби Саидов дар нишасти хабарии 4 феврал аз хулосаи ташхиси “Био Папа”, ки муфаттишони Оҷонсӣ ба додгоҳ пешниҳод карданду бар асоси он Зайд Саидов падари фарзанди яке аз “ҷабрдида”-ҳои парвандаи “таҷовуз ба номус” дониста шуд, ҳимоят кард.
“Мо барои ташхис пул ҷудо намуда, равон кардем. Натиҷааш 99,9 дарсад мусбат баромад. Ин ташхисро на муфаттишон, балки мутахассисони ҳамон пажӯҳишгоҳ гузарондаанд”,-таъкид кард ӯ.
Ин дар ҳолест, ки вакилони дифои Зайд Саидов ба пажуҳишгоҳи “Био Папа” муроҷиат карда, муайян намудаанд, хулосае, ки муфаттишон ба додгоҳ аз номи ин пажуҳишгоҳ пешниҳод кардаанд, тақаллубӣ аст. Масъулини “Био Папа” дар навори видеоӣ изҳор доштанд, дар хулосае, ки ба мақомоти тафтишотӣ пешниҳод карданд, падарии Зайд Саидов куллан рад карда шуд.
Аммо Фаттоҳ Саидов дар ин робита изҳор дошт, ки ин кори вакилони дифоъ аст, ки ба ҳамин восита мехостанд, ба наздикони Зайд нишон диҳанд, онҳо кор мекунанд. “Баъдан касе исбот накардааст, ки ин лаборантҳои баромадкарда киҳо ҳастанд?”,-суол гузошт Фаттоҳ Саидов.
Дар мавриди мусодираи амволи Зайд Саидов, раиси Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ изҳор дошт, ки феълан тамоми молу мулки “Тоҷикатлас” ба фоидаи давлат мусодира шудааст: “Дар мавриди молу мулки боқимонда то ҳукми қонунӣ гирифтани қарори додгоҳ чизе гуфта наметавонам.” Зайд Саидов, соҳибкор, вазири пешини саноат, баъд аз эълони азмаш барои таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав боздошт ва моҳи декабри соли гузашта ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳ ӯро дар қаллобӣ, сӯиистифода аз мансаб, бисёрзанӣ ва таҷовуз ба номус гунаҳкор донист. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)