Ба таъхир афтодани нишасти Қурултой ва интихоби муфтии нав
Қурултойи мусулмонони Қирғизистон нишасти ғайринавбатии худро, ки дар он бояд муфти нави кишварашро интихоб мекард, ба таъхир андохтааст.
Дафтари матбуотии Идораи муфтиёти Қирғизистон мегӯяд, ба далели ҷараён доштани иҷлоси Шӯрои дифои кишвараш нишасти Қурултой, ки қарор буд, 8 феврал баргузор шавад, ба вақти дигар гузошта шуд. Ба иттилои манбаъ дар нишасти Шӯрои дифои Қирғизистон бархе масоили марбут ба дин низ ба баҳс гирифта мешаванд, аз ин рӯ, нишасти Қурултой ба таъхир андохта шудааст.
Идораи муфтиёти Қирғизистон мегӯяд, санаи дақиқи баргузории ҷаласаи ғайринавбатии Қурултой баъд аз анҷоми иҷлоси Шӯрои дифоъ муайян мешавад.
Интизор мерафт, рӯзи 8 феврали соли ҷорӣ аъзои Қурултойи мусулмонони Қирғизистон дар пайи як нишасти ғайринавбатӣ гирди ҳам омада, муфтии нави ин кишварро интихоб менамуданд. Ин дар ҳолест, ки Ҳоҷӣ Раҳматулло Эгамбердиев, муфтии пешини Қирғизистон баъд аз паҳни навори маҳрамонаи дар бораи ӯ дар интернет рӯзи 7 январи соли ҷорӣ бо хоҳиши худ аз симаташ канор рафта буд.
Тибқи иттилои манобеи хабарӣ, Шӯрои уламои мусулмонони Қирғизистон алакай Мақсадбек Токтомушевро ба ҳайси муфтии нави ин кишвар интихоб кардааст. Вале бояд гуфт, ки интихоб шудани ӯ ба ин мақом бояд аз сӯи аъзои Қурултой низ тасдиқ шавад.