(VIDEO) Фаттоҳ Саидов: “Хидмати якҷояи президенту писараш қонунист”
Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии мубориза зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон, гуфт, хидмати якҷояи хешутаборон дар як ниҳод аз рӯи қонунгузорӣ мумкин нест. Ӯ, ки дар нишасти хабарии чоруми феврал сӯҳбат мекард, мисол овард, ки “агар дар як сохтор ман кор кунам, наздиконам наметавонанд, зердасти ман бошанд.”
Аммо дар мавриди хизмати якҷояи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва писараш -- Рустами Эмомалӣ, сардори Хадамоти гумрук, ки аввалӣ раиси ҳукумат асту дувумӣ тобеи бевоситааш мебошад, раиси Оҷонсии зидди фасод гуфт, ин дар доираи қонун аст. Ин дар ҳолест, ки Оҷонсии мубориза зидди коррупсия дар Тоҷикистон мегӯяд, соли гузашта 19 ҳолати фаъолияти якҷояи хешутаборонро дар як ниҳод ошкор кардааст, ки бар асоси қонунгузории кишвар ҳолати мусоидаткунанда ба ҷиноятҳои коррупсионӣ маҳсуб меёбад.
ДАР БОРАИ АНВАРИ ВАЙСИДДИН
Дар баробари ин, Саидов сарусадо дар бораи ифтитоҳи парванда алайҳи Анвари Вайсиддин, собиқ раиси шаҳри Ваҳдатро рад карда гуфт, “воқеан, дар фаъолияти ӯ камбудҳоро ошкор кардем, аммо феълан онҳо ислоҳ шудаанд. Ин камбудҳо бештар молӣ буданд ва феълан ҳамааш барқарор шуд.”
"БАРҚИ ТОҶИК" ПУЛРО ДАР КИСА МЕЗАНАДУ...
Раҳбари Оҷонсии зидди фасоди молӣ, инчунин, изҳор дошт, ки масъулини “Барқи тоҷик” дар бархе ҳолатҳо қарзи мардумро аз барқ бе ягон асос то 5 баробар бештар нишон додаанд. Саидов гуфт, масъулини барқ маблағро аз корхонаҳои хишту оҳангудозӣ гирифта, дар кисаи худ ва қарздориро дар сари мардум мезананд.
Ӯ афзуд, феълан санҷиш нисбат ба “Барқи тоҷик” идома дорад ва натиҷаҳои он баъд аз ду моҳ маълум мешавад. Ин дар ҳолест, ки Оҷонсии зидди фасод соли гузашта танҳо дар шабакаҳои барқи Душанбе санҷиш гузаронда, муайян намуд, ки дар асл мардум ҳудуди 60 миллион сомонӣ қарздоранд, вале масъулини барқ дар ҳисоботашон мардумро 120 миллион сомонӣ қарздор нишон додаанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)