Нигаронӣ аз афзоиши фоҳишаву фоҳишахонаҳо дар Тоҷикистон
Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон мегӯяд, суръати афзоиши фоҳиша ва фоҳишахонаҳо дар кишвар мояи нигаронии мақомот шудааст.
Марҳабо Олимова, муовини раиси Кумитаи кор бо занон, имрӯз, 4-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, тайи соли 2013-ум дар кишвар 1 ҳазору 641 фоҳиша ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса бо соли пешӣ 338 нафар зиёд мебошад. Ӯ афзуд, ки миёни фоҳишаҳо 41 нафарашонро ноболиғ мебошанд.
Олимова таъкид намуд, ки ташкили фоҳишахонаҳо низ дар Тоҷикистон майли афзоиш дорад. Ба гуфтаи ӯ соли гузашта 180 фоҳишахона ошкор шуд, ки нисбати соли пешӣ 33 адад зиёд мебошад.
Муовини раиси Кумитаи кор бо занон дар шарҳи омилҳои афзоиши ин зуҳуроти номатлуб бекорию каммаърифатии бархе аз занонро ном бурд: “Вақте баъзеҳоро бо кор таъмин мекунем, аз ин амал даст мекашанд. Аммо барои бархе ин оддат шудааст ва бо вуҷуди пешниҳоди кор онҳо ба фаъолияти пешинаашон бармегарданд.”
Олимова афзуд, ки дар Тоҷикистон барои машғул шудан ба фоҳишагӣ ҷавобгарии маъмурӣ ва барои ташкили фоҳишахона ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар карда шудааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)