Вазири молия дар бораи қарз: Мо дигар хатарзо нестем
Абдусалом Қурбонов, вазири молияи Тоҷикистон мегӯяд, соли равон барои баргардондани қарзи хориҷии кишвар аз буҷа 1 миллиард сомонӣ равона хоҳад шуд.
Қурбонов рӯзи 3 январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе ҳаҷми қарзи берунаи Тоҷикистонро 2 миллиарду 161,5 миллион доллар арзёбӣ намуд, ки ба гуфтаи ӯ 25,5%-и маҷмуи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.
Вазири молия зикр кард, ки соли 2013 барои пардохти қарзҳои беруна 130,8 миллион доллари амрикоӣ сарф шуда буд, ки аз ин 100 миллионаш барои пардохти қарзи Чин равон шуда буд.
Абдусалом Қурбонов илова намуд, ки ҳоло созмонҳои молиявӣ Тоҷикистонро ҳамчун кишваре, ки имкони баргардонидани қарзоро дорад, мешиносанд: “Тавони баргардонидани қарзҳои давлатӣ дар институтҳои молиявӣ баҳо дода мешавад. Пеш моро давлати рискаш зиёд баҳогузорӣ карда, грант пешниҳод мекарданд. Аммо соли 2013 нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ хуб буданд ва моро аз ин рӯйхат бароварда ба қатори кишварҳо и рӯ ба тараққӣ дарварданд. Барои ҳамин ҳоло сатҳи қарз 30 ба 70 аст, яъне 70% грант дода мешаваду 30% қарз”.
Вазир иброз намуд, ки соли равон имзои 17 созишномаи грантиву қарзӣ дар назар аст: “Лекин мо зиёдтар 40%-и ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ қарз намегирем, яъне аз он нишондоде, ки пешбинӣ шудааст, берун намебароем”.