Баъд аз мастӣ... Куштори Пӯлодови 58-сола дар Конибодом
Исроил Тӯхтаеви 32-сола ба гумони куштори Баҳодур Пӯлодов, як сокини шаҳри Конибодом, боздошт шудааст. Тавре ба хабаргузории “Озодагон” аз Раёсати умури дохилии Суғд хабар доданд, 30 январи соли ҷорӣ ҷасади Баҳодур Пӯлодов бо аломатҳои марги маҷбурӣ дар манзилаш ёфт шудааст.
“Зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Исроил Тӯхтаеви 32-сола, сокини Конибодом, дар ҳолати мастӣ, дар хонаи истиқоматии Баҳодур Пӯлодов бо ӯ муноқиша намуда, сипас, бо корди дар дасташ буда, як бор ба қисми чапи баданаш мезанад. Дар натиҷа Баҳодур Пӯлодов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар маҳалли ҳодиса ба ҳалокат мерасад ва дар робита ба ин, далели шайъӣ низ гирифта шуд”,-афзуд сарчашмаи хабар.
Феълан, Исроил Тӯхтаев дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тибқи ин ҳодиса мутобиқи моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз гардида, тафтишот идома дорад. Ёдрас мекунем, дар зарфи як соли ахир дар шимоли Тоҷикистон 44 ҷинояти одамкушӣ ба қайд гирифта шуда, аз ин теъдод 41 ҳодиса ошкор гардидаанду бас. Вале 3 ҷинояти вазнине, ки миёни мардум сарусадоҳои зиёдеро ба бор оварда буд, ҳамоно накшода боқӣ мондаанд, ки ин ҳам бошад, кушторҳои постбони бахши “Амонатбонк” дар ноҳияи Ашт Солиҷон Дадоҷонов, оилаи Бобоевҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва оилаи Халлоқовҳо дар шаҳри Исфара мебошанд.